Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба намуди ҳуҷҷат ҳуқуқи додани апостил ба ду мақомоти давлатӣ дода шудааст: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи ҶумҳурииТоҷикистон.
|
|
|
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, ш. Душанбе, кӯчаи Шероз - 33 |
|
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-25 |
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои зерини ҳуҷҷатҳои расмӣ апостил мегузорад:
- Ҳуҷҷатҳо аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатномаи вафот, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ, шаҳодатномаи фарзандхонӣ, шаҳодатнома дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва насаб, шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ, маълумотнома дар бораи дар ақди никоҳ набудан ва маълумотномаҳои дигар;
- Ҳуҷҷатҳои аз тарафи нотариусҳо дода шуда
Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар, розигӣ барои сафари кӯдак, розигии зан ё шавҳар барои бастани аҳде, ки тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, шаҳодатномаи тасдиқкунандаи дар ҳаёт будани шахс, нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташудаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, тарҷумаи ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда ва ғайра;
- Ҳуҷҷатҳои мақомоти судӣ ва мақомоти истеҳсолоти иҷроия
Варақаи иҷро бо қайд дар бораи иҷрои ҳукми суд, санадҳои судӣ: (ҳалномаи суд, ҳукмҳои суд оид ба парвандаи ҷиноятӣ, қарори суд, таъиноти суд, фармони суд), варақаҳои иҷрои дар асоси санадҳои судӣ додашуда, варақаҳои иҷро, ки судҳо дар асоси қарору ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд ва ғайра;
- Ҳуҷҷатҳои мақомоти прокуратура
қарори прокурор, амри хаттии прокурор, эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор ва ғайра;
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои зерини ҳуҷҷатҳои расмӣ апостил мегузорад:
- Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
Шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумӣ ва миёна, диплом дар бораи таҳсилоти касбӣ ва дар бораи таҳсилоти олии касбӣ, дипломи номзади илм, дипломи доктори илмҳо, маълумотномаи академӣ, варақаи шахсии таълимгиранда, маълумотнома дар бораи аз як муассиса ба муассисаи таълимии дигар гузаронида шудан ва ғайра;
- Ҳуҷҷатҳои дигар
Маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, патент ё шаҳодатномаи ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, маълумотномаҳои бойгонӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳои бойгоние, ки аз тарафи бойгониҳо дода мешаванд ва ғайра.